Вакилони Думаи шаҳри Маскав то ба 10 ҳазор рубл баланд бардоштани арзиши иҷозатномаи корӣ ё худ “патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин шаҳрро пуштибонӣ кардаанд. Ҳоло арзиши патент дар ин шаҳр 8,9 ҳазор рубл аст.

Хабаргузории “Интерфакс” менависад, ки Даря Мурченко, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав ва сардори Раёсати таҳлили андоз дар ҷаласаи рӯзи 1-уми ноябри соли равон гуфт, ки “коэффисиенти минтақавӣ ҳар сол аз нав ҳисоб мешавад, то ки маблағи пардохти патент тағйироти музди миёнаи меҳнатро дар шаҳр инъикос намояд.”.

“Имсол пешниҳод шудааст, ки коэффисиенти минтақавӣ тавре муқаррар карда шавад, ки арзиши патент аз 8 900 то 10 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд гардад. Барои ин, лозим аст, ки коэффисиенти минтақавӣ дар сатҳи 2,9323 муқаррар карда шавад. Афзоиши арзиши патент ба баробар гардидани бори андозии муҳоҷирон бо бори андозии шаҳрвандони Русия мусоидат хоҳад кард”, - гуфтааст Даря Мурченко.

Қаблан, ин масъала дар Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Думаи шаҳри Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ин ниҳод тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба баъзе қонунҳо дар бахши андозро, ки яке аз нуктаҳои он зиёд кардани боҷи “патент” барои шаҳрвандони хориҷӣ буд, ба маҷлис пешниҳод кард.

Маскав ягона минтақае нест, ки аз соли 2026 арзиши патнет барои муҳоҷирон дар он гарон мешавад. Дар чанд минтақаи дигари Русия аз 1-уми январи соли 2026 арзиши патент боло меравад. Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен 11 ҳазору 471 рубл (ҳоло 9 ҳазору 385), дар минтақаи Камчатка то 13 ҳазору 800 рубл (ҳоло 9 ҳазор рубл), дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл (ҳоло 11 ҳазор рубл), дар Санк-Петербург ва вилояти Ленинград 8 ҳазор рубл (ҳоло 6 ҳазор рубл) мешавад. 

Нархи патент барои иҷозаи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Новосибирск низ то 10 ҳазору 860 рубл баланд карда мешавад, ки нисбат ба соли 2025-ум 11% (2954 рубл) бештар аст. Дар Краснадар арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 59% афзуда, нархи иҷозаи кор дар ин минтақа 27 ҳазор рубл хоҳад шуд.

Мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо бештар мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун ба таври назаррас нарх боло бурда мешавад.  

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2025 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.