Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе созишномаеро ба имзо расониданд, ки доираи ҳамкориҳои ду кишварро дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун, бахусус дар масоили муҳоҷират, васеъ менамояд.

Ба иттилои сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 20-уми октябр ин санадро Ҳабибулло Воҳидзода ва Александр Гутсан, додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия ба имзо расониданд. Ин мулоқот дар ҳошияи 35-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кулли давлатҳои ИДМ сурат гирифт.

Қисмати меҳварии созишнома ба масъалаҳои “назорат аз болои кори муҳоҷирон” нигаронида шудааст. Тибқи иттилои Додситонии кулли Русия, ҳамкорӣ аз “муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризм ва экстремизм” то “ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо”-ро фаро мегирад.

 

Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар маркази таваҷҷӯҳ

Созишномаи имзошуда, ба иттилои Додситонии кулли Русия, заминаи ҳуқуқии мустаҳкамро барои таъмини амнияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия фаъолият мекунанд, фароҳам меорад.

 

Акс аз сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон

Дар доираи созишнома, додситонҳои ду кишвар дар самтҳои зерин ҳамкорӣ хоҳанд кард:

Дар соҳаи муҳоҷират:

- Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳояшон;

- Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

- Мубориза бо савдои одамон ва узвҳои инсонӣ;

- Таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират;

Мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ:

- Муқовимат ба терроризм ва экстремизм;

- Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии яроқ, моддаҳои тарканда ва маводи мухаддир;

- Мубориза бо коррупсия ва қонуникунии даромадҳои ҷиноятӣ;

- Муқовимат ба ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

- Ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи наболиғон;

Додситонҳои кулл баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро “дар заминаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба” муҳокима намудаанд.

Бояд гуфт, ки имзои ин созишнома чанде пас аз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе (8-10 октябр) сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин “Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ”-ро ба имзо расонида буданд.

Аҳдномаи навбатӣ, ба иттилои Додситонии кулли Русия, ҳамкориҳои байниидоравии додситониро дар амалисозии назорати қонунӣ аз болои ин масъалаи муҳим тақвият медиҳад.

 

Акс аз сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҳамкории стратегӣ ва таҳкими қонуният

Александр Гутсан, додситони кулли Русия гуфтааст, ки ҳамкории касбии мақомоти назоратӣ “саҳми назаррас дар таъмини суботи ҳуқуқӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Русия ва Тоҷикистон мегузорад”.

Ӯ афзуд, ки ин мулоқот идомаи муколамаи созандаи бисёрсола ва муттаҳид намудани кӯшишҳо дар муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар хатарҳои муосир аст.

Ҳамзамон, зимни мулоқот, додситонҳои кулл Созишнома оид ба ҳамкории мақомоти додситониҳои ҳарбии ду кишварро ба имзо расониданд.

 

Чанд масъалаи доғи муҳоҷират дар Русия​​​​​​​

Бояд гуфт, ки рӯзи 9-уми октябр баъди мулқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар “Қасри миллат”, байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад.

Аз ҷумла, имзои созишнома дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид, имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Вале мушкилоти муҳоҷирони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан дар қаламрави Русия ба вуҷуд меоянд. Аз ҷумла, ҳини ворид шудан ба ин кишвар дар фурудгоҳҳо муҳоҷирон соатҳо боздошта мешаванд ва ҳатто будуни сабаб онҳо ихроҷ мегарданд.

Гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.

“Ҳамла”-и ОМОН-и Русия ба консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев, овозхони шинохтаи ӯзбекистонӣ дар Красноярск ва қатъи он, санҷиши ҳуҷҷатҳои садҳо тамошобин ва интиқоли даҳҳо тан ба боздоштгоҳ, чун шеваи нави боздоштҳои таҳқиромези мақомоти Русия талаққӣ шуд. Баъди ин “ҳамла”-и ОМОН ба маросими хурсандии муҳоҷирон 26 тан, аз ҷумла чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ шуданд.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Ғайр аз ҳамаи ин, дар чанд соли охир даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба қатл расонида шуданд, занон аз сӯйи шаҳрвандои ин кишвар таҷовуз шуданд, ҳатто ноболоғон дар пайи дастдарозӣ ба номусашон ба ҳалокат расиданд. Ин гуна таҳқиру таҷовузу қатл дар Русия нисбати муҳоҷирони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам расонаӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.